Сулолаи деҳқонон

376

Валиҷон Холиқов соли 1979 дар деҳаи Сангобаи ҷамоати Наврўзи ноҳияи Носири Хисрав дар оилаи сулолаи деҳқонон таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи Ҳуқуқ ва Андоз ба деҳааш баргашта, дар ноҳияи худ фаъолияташро оғоз кард. Ҳоло дар ҷамоати Наврӯз ҳамчун мутахассиси андоз кор ва фаъолият мекунад.

Яке аз тренингҳои навбатӣ Валиҷон аз рӯзномаи «Агроинформ.ТҶ» дархост кард ва илова кард, ки ин рӯзномаро саҳмдорон бисёр талаб карда, мутолиа мекунанд. 

“Шахсан ман дар тренингҳо иштирок намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳисоботҳои (эъломияҳои) андоз, тартиби гузариш ва қатъ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, тартиби бақайдгирӣ дар мақомоти андози маҳаллӣ аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» ва ғайра маълумоти зарурӣ гирифтам. Ҳоло дар хоҷагии деҳқонии «Гулмуродбобо» кор ва фаъолият мекунам ва аз маслиҳатҳои ҳуқуқшинос ва тренерҳои ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» дар амал пурсамар истифода мебарам”, – мегӯяд Валиҷон Холиқов.
Аз оилаи сулолаи деҳқонон буданаш Валиҷонро водор мекунад, ки бо замин кор кунад. Дар 3 гектар замин пахта ва намудҳои гуногуни полезӣ кишт мекунад. “Бо як намуди кишт кифоя кардан мумкин нест”,- мегӯяд Валиҷон бо такя ба таҷрибаи бобои деҳқонаш ва маълумотҳои рӯзномаи «Агроинформ.ТҶ».– “Заминро бо дигар намуди зироатҳо киштгардон кардан лозим аст, ки ҳосилнокии онро фаровон мекунад”.
Ҳоло Валиҷон тасмим гирифтааст, ки боғи интенсивӣ барпо кунад ва меваҳои аълосифатро бо усули нав кишт карда, аҳолиро бо меваҳои сифаташ баланд таъмин кунад.
Тренинг ва маслиҳатҳои ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» барои инкишоф ёфтани хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсири худро расонида, барои пешрафт ва таъмин намудани бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти тару тоза ва босифат саҳм гузошта истодааст.

Бонувони фардо