Мехостанд аз саҳмамон маҳрум кунанд

334

Сокини ноҳияи Вахш Бибисоро Юлдошева тамоми умри худро ба кори саҳро ва деҳқонӣ бахшидааст. Баъди ҷорӣ шудани низоми нави кишоварзӣ ва ислоҳоти замину таҷдиди хоҷагиҳо дар заминаи хоҷагии коллективии «Баҳодур» ба ҳайси саҳмдор фаъолият мекунад. Дертар деҳқонзан мехоҳад хоҷагии оилавии худро таъсис диҳад ва саҳми худро бигирад. Аммо инҷо монеаҳои зиёде садди роҳаш шуданд. “Баъзе нафарон кӯшиш карданд, то моро аз саҳмҳоямон маҳрум созанд. Ман чандин маротиба ба назди раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» рафта муроҷиат кардам, ки мехоҳам саҳмҳоямро гирифта, хоҷагии оилавии хешро таъсис бидиҳам. Мутаассифона, имрӯзу фардои онҳо беохир буду корам кашол меёфт” – мегӯяд Бибисоро Юлдошева. – “Маҷбур шудам назди раиси ноҳия дароям. Вақте раиси ноҳия арзи маро шунид ба ман гуфт, ки «Ин баҳси Шумо баҳси судӣ аст. Ба суд муроҷиат кунед». Баъди ин ман ба Маркази Дастгирии Ҳуқуқии “Маҳбуба”, ки дар ноҳияи мо таҳти роҳбарии Барно Раҳимова фаъолият мекунад, муроҷиат намудам” – илова кард ӯ.
Бо кӯмаку дастгирии ҳуқуқии марказ, ки дар доираи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия фаъолият мебарад, Бибисоро Юлдошева тавонист як қисмати заминашро қонунӣ ҷудо карда бигирад. Яъне, хоҷагии коллективии «Баҳодур» аз 2 гектару 37 сотиқ саҳм 1 гектару 57 сотиқашро ҷудо карда дод. “Барои гирифтани саҳми боқимонда ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат кардаем ва умед дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад” – мегӯяд саркор хонум.
Мавриди қайд аст, ки аҳли оилаи Бибисоро ба ғайр аз деҳқонӣ ва кори саҳро дигар ҷои кору даромаде надорад. Айни замон 6 нафар аъзои оила дар ҳамин замин заҳмат кашида ризқ меёбанд. Соли гузашта барояшон бурдбор буда, аз кишти пунбадона ҳосили фаровон ба даст оварданд. Фурӯши маҳсулоташон низ бобарор гашт ва оила аз даромади молии худ қаноатманд гардид. “Кӯмаки лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гашта истодааст. Агар солҳои пеш барои дигарон кор мекардем, имсол лоиҳа ва ҳуқуқшиносони марказ бароямон кайфияти ҳақиқии кор дар заминро кушоданд. Зеро мо барои худ кор кардем”- гуфт Бибисоро.
Айни замон холаи Бибисоро бо аҳли оилааш аллакай барои кишти соли навомада омодагӣ дида истода, умед дорад, ки ҳосили дучанд ба даст оварад.
“Мо бо аҳли хонавода ба лоиҳаи USAID ва Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Маҳбуба», махсусан ба апаи Барно Раҳимова миннатдории хешро баён месозем. Зеро инҳо буданд, ки ба мо маслиҳати ҳуқуқӣ дода, барои баргардонидани саҳми заминамон кӯмак расониданд”. – мегӯяд Биисоро.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ