Лоиҳаи USAID – Ҳамқадами таҷдид. Таҷдиди сохторӣ ва кишоварзи соҳибназар

279

Дар Тоҷикистон раванди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзии бузургҳаҷм ба хоҷагиҳои хурду инфиродӣ бо муваффақият идома дорад.
Ҳамон тавре Лашкар Сафаров- мудири шӯъбаи таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, танҳо тайи соли 2015 дар заминаи хоҷагиҳои бузургҳаҷм 24 170 адад хоҷагиҳои хурди нав таъсис дода шуданд. Ҳамаи соҳибони замин бо Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин гардиданд. Ин амал имкон медиҳад, то деҳқон бо дили гарм ба кишту парвариши зироатҳои барояш муҳим ва фоидаовар машғул шавад. Бад-ин тартиб, дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 161, 560 адад расидааст.

-Раванди таҷдиди сохторӣ солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт,- таъкид дошт Лашкар Сафаров.
Суғд: одамон замин гирифтан мехоҳанд…
Дар вилоят раванди таҷдиди сохтории хоҷагиҳои кишоварзӣ идома дорад. Мушоҳидаҳо баёнгари он ҳастанд, ки теъдоди онҳое, ки хоҳиши соҳиби порчаи замини худӣ шудан ва тақдири хешро ба замин пайвастанро доранд, рӯ ба афзоиш овардааст. Шаҳрвандон ҳамакнун дарк намуданд, ки баъди гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин онҳо соҳиби комилҳуқуқи он мебошанд ва дар интихоби кишти навъи зироат озод мебошанд. Назар ба суханони сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Зариф Калонов ба таҷдиди сохтории хоҷагиҳои деҳқонӣ қарорҳои Раиси вилояти Суғд таҳти рақамҳои 287 ва 480 аз 09.12.13 ва 10.12. 2014 такони тоза бахшид. Бо мақсади ройгон дастрас намудани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин аз тамоми ҷумҳурӣ кормандони 10 маркази кадастри замин ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, бо қувваи онҳо дар давоми зиёда аз як сол дар заминаи 3389 адад хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм наздик ба 42,3 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил карда шуданд.
– Агар дар мувозинаи Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ба таърихи 01.01.2015 42 281 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дошта бошанд,- иброз дошт Зариф Калонов,- пас ин адад ба таърихи 01.01.2016 60 791 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пешин 18510 адад зиёд аст.
Хатлон: 12 Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқӣ (МДҲ)
Таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон низ босуръат идома дорад.
Ҳамон тавре сарвари Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Навзамин» Раҳматулло Муродов иброз медорад, тайи беш аз як соли ахир танҳо дар ҷамоатҳои Қумсангири ноҳияи Қумсангир ва Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 100 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм ба зиёда аз 200 адад хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ тақсим карда шуданд.
Ба идомаи ҳампешаи худ сарвари Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Илҳом» дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ Абдукарим Абдураҳимов иброз дошт, ки таҷдиди сохторӣ дар ноҳия идома дорад.
– Деҳқон бо гирифтани порчаи замин ва Сертификати ҳуқуқи истифодабарии он ба марҳилаи нави фаъолияти кишоварзӣ қадам мегузорад, -иброз дошт Абдукарим Абдураҳимов. –Вай акнун кӯшиш дорад бо гирифтани донишҳои зарурии ҳуқуқӣ даст бо кори деҳқонӣ бизанад.

-Ҳоло дар ҳудуди ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон таҷдиди сохторӣ бо муваффақият идома дорад,- иброз дошт ҳуқуқшиноси Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Арбитраж» Абдумаҷид Сангинов. – Тайи ду соли охир дар ҷамоати Айнӣ зиёда аз 200 адад хоҷагиҳои нав таъсис ёфтанд.
Бояд мутазаккир шуд, ки Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Навзамин» дар ҳар ду ноҳияи зикршуда бомуваффақият фаъолият дорад. Дар ин марказҳо ҳуқуқшинос, тренер-мушовир ба кишоварзон маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд. Дар ҳама ҷамоатҳо як нафар Ташаббускор фаъолият дорад. Кормандони Марказ ҳар моҳ чаҳор тренинг, як мизи мудаввар доир менамоянд, ки дар кори мизи гирд намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат меварзанд. Дар навбати хеш ҳар як Ташаббускор се вохӯрӣ ва як мизи гирд доир месозад. Мавзӯи асосии сӯҳбатҳо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба категорияҳои замин, тарзи гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, низоми андозбандӣ, тартиб додани бизнес-план, маркетинг( бозоршиносӣ), молшиносӣ, тарзи пардохти ҳама гуна андозҳо, қарзҳои бонкӣ, ипотека, ҳимояи иҷтимоии кишоварзон ва ҳаққи бознишастагӣ (нафақа) ва суғуртаи иҷтимоию тиббӣ, тафсири санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки кормандони Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар навбати хеш пайваста барои тренерҳо ва ташаббускорон курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониши тренерони маҳаллӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Мушкилоти табиӣ
Назар ба суханони сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Зариф Калонов мушкилоти асосӣ ҳангоми таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм ин муайян намудани рӯйхати шаҳрвандонест, ки бояд саҳми замин бигиранд. Зеро ки марҳилаи асосии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ то соли 2005 ба итмом расонида шуда буд. Рӯйхати саҳмгирандагон ва саҳми меросӣ низ дар марҳилаи аввал муайян шуда буданд. Вале баъдан ҳангоми таҷдиди сохторӣ шаҳрвандоне низ пайдо шуда истодаанд, ки аз маҳрумияти хеш ба ҳиссаи замин шикоят мекунанд.
-Аз сабаби он ки тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда рӯихати саҳмдорон аз тарафи комиссияҳои таҷдиди хоҷагӣ муайян ва дар маҷлиси умумӣ тасдиқ карда мешавад, баъд аз барҳамхӯрӣ ва ё таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии нав бо гузашти замон дар ҳолати аз тарафи баъзе шаҳрвандон муроҷиат шудан барои барқарор намудани саҳмдорӣ, ин амал ғайриимкон мегардад,- мегӯяд Зариф Калонов.- Ҳамин навъ муроҷиатҳо дар рафти азнавташкилдиҳӣ ё худ иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1775 аз 30.06.2006 «Дар бораи азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» мушкилиҳо ба бор меоварданд.
Ҳуқуқшиносони Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқӣ иброз медоранд: раванди таҷдиди сохторӣ ба худ хос мушкилот низ дорад. Мусаллам аст, ки сарварони баъзе аз хоҷагиҳои бузургҳаҷм аз ин ки заминҳои калони худро аз даст дода, ба даҳ гектар замин қаноат бояд кунанд, хурсанд нестанд. Вале баъди машварату маслиҳатҳои ҳукуқшиносон онҳо низ ин равандро ҳамчун як раванди маъмул қабул доранд.
Аксарияти ҳуқуқшиносон иброз медоранд, ки деҳқони имрӯзин дигар он кишоварзи асри бист нест, ки танҳо шудгор кардану каланд заданро бидонад. Ӯ ҳамакнун дарк кардааст, ки дар даврони иқтисоди бозаргонӣ зиндагӣ дошта, табъан, пайваста донишҳои назариявию амалӣ ва ҳуқуқиву ҳирфавии хешро бояд баланд бардорад.

Тилав РАСУЛЗОДА