Коргоҳи намунавӣ дар ноҳияи Бохтар

744

Фаъолияти хоҷагидорону фермерони ноҳияи Бохтар акнун дучанд осонтар ва тезтар мегардад. Моҳи апрели соли ҷорӣ лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ аввалин дафтари моделии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро  ба истифода супорид.

Дар маросими кушодашавии коргоҳ роҳбари лоиҳаи USAID Чинара Арапова, роҳбари рушди иқтисодии USAID дар Тоҷикистон Лора Чизмо, директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон Фақирзода, муовини раиси ноҳияи Бохтар Маҳмадрасул Исмоилзода, хоҷагидорону кишоварзон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Дафтари мазкур бо мақсади дучанд осон намудани фаъолияти хоҷагидорону фермерон ва дастрасии босуръат ба ҳуҷҷатгузориҳо дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мавриди баҳрабардори қарор гирифта,
Чинара Арапова дар суханрониаш баъди хайрамақдам гуфтани ҳозирин, миннатдории хешро ба шарикони лоиҳа, аз ҷумла Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи воҳиди давлатии «Бақадгирии молу мулки ғайриманқул» иброз дошта, аз натиҷаҳои самараноки фаъолияти беш аз дусолаи лоиҳа дар вилояти Хатлон ҳарф зад: “Ифтитоҳи равзанаи ягонаи ба қайдгирии намунавӣ на танҳо вақт ва маблағи деҳқононро сарфа мекунад, инчунин дар он бо усули равзанаи ягона тамоми шароитҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул фароҳам оварда шудааст, ки бо қоидаҳои нави соддакардашуда корбарӣ менамоянд. Хоҷагидорон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат аз қайд гузашта, соҳиби Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин мешаванд. Ҳамакнун нақшаҳои мо ифтитоҳи чанд адад коргоҳи нави бақайдгирӣ дар вилояти Хатлон ва ҷиҳозонидани он бо техникаи замонавӣ мебошад. Инчунинният дорем мисли пештара ҳамкориро бо мақомотҳо пурзӯр намуда, барои кормандони кормандони КВД «Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул» – и 12 шаҳру навоҳии вилоят омӯзишҳои иловагӣ оиди усулҳои нави қоидаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул барпо намоем”.

коргохи Бохтар2 Роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодии USAID дар Тоҷикистон Лора Чизмо зимни суханрониаш таъкид намуд, ки коргоҳи мазкур барои дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон намунавӣ буда, хуб мешуд дар оянда тамоми коргоҳҳои ба қайдгири бояд чунин расмият ва равзанаи ягона дошта бошанд. USAID дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ роҳҳои дастрасии ба заминро дар Осиёи Миёна барои даҳсолаи охир коркард карда баромадааст. Лоиҳа ба хотири самаранок истифода шудани замин рафти ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда, ҷараёни ба қайдгирии замин ва гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро содда карда, сатҳи ҳамкориҳо дар самти ҳисобу китоби замин боло бардоштааст. “Барои таъсиси чунин як коргоҳи намунавӣ лоиҳаи USAID кӯмакҳои техникӣ расонида, инчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳрир ва қабули қонунҳо дар ин самт кӯмаки амалӣ расонидааст. Ман ба ҷаноби Умариён Раҳмон ба хотири ҳамкориҳои созанда изҳори миннатдорӣ намуда, умедворам, ки корҳои зиёду самараноке моро дар пеш аст”- мегӯяд Лора Чизмо.
Муовини аввали Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ барои кӯмак ба таъсиси коргоҳи намунавӣ сипосгузорӣ намуда, ҳамкории зич ва дуҷонибаи ташкилотро бо кумита самаранок арзёбӣ намуд. “Илова ба таъсиси 1,2 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмини онҳо бо Сертификатҳои ройгон, ҳамчунин лоиҳа дар мукаммал сохтани қонунгузориҳои вобаста ба замин, тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба мо кӯмак расонид. Коргоҳи намунавӣ низ аз тарафи ташкилоти бонуфуз мисоли ҳадя ба кишоварзони Бохтар супорида шуд” – гуфт ӯ.
Роҳбари КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон бо арзи сипос ва қайди дастгириҳои бевоситаи лоиҳа дар рушди соҳа, таъкид кард, омӯзиши мутахассисон бо ташкили тренингу семинарҳо натиҷаҳои хуби амалӣ нишон дода истодаанд. Илова бар ин бо дастгирии USAID кормандони КВД дар хориҷи кишвар таҷрибаомӯзӣ карда, навгониҳои омӯхтаи худро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Инчунин базаи махсуси дастурамалҳо ва китобҳои бақайдгирию адабиётҳои лозима аз ҳисоби USAID дар фонди КВД зиёд шуда истодааст. “Ба истифода додани коргоҳи намунавӣ дар ноҳияи Бохтар гувоҳи суханҳои болост. Айни замон дар Ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду адад ингуна коргоҳ мавҷуд буда, яке аз он дар ноҳияи Рудакӣ фаъолият мекунад. Умед дорам, ки коргоҳи намунавие, ки имрӯз ба истифода дода шуд, натанҳо бо таҳҷизоти замонавияш, балки бо корбарию шафоффияш низ намунаи ибрат хоҳад шуд” – гуфт Умариён.
Муовини раиси ноҳияи Бохтар Маҳмадрасул Исмоилзода дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар корхона компютерҳои замонавии пуриқтидор васл карда шуда, системаи электронӣ насб карда шудааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ дар бойгонии электронии корхона ба таври автоматикӣ сабт хоҳад шуд. Дар сурати дар тамоми Ҷумҳурӣ таъсис додани чунин коргоҳҳои бақайдгирӣ ва насби технологияи электронии бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар бойгонии марказии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба таври автоматикӣ сабт мешаванд.
“Агар солҳои қаблӣ барои гирифтани як Сертификат ё бақайдгирии молу мулки ғайриманқул моҳҳо мардум саргардон мешуданд, акнун дар як муддати кӯтоҳ соҳиби ҳуҷҷатҳои лозима мешаванд. Дар сурати сари вақт пешниҳод шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима, мувофиқи қоидаҳои нави бақайдгирӣ ҳамагӣ 5 рӯз кифоя аст, ки соҳибмулк соҳиби ҳуҷҷат гардад. Айни замон лоиҳа дар 12 шаҳру навоҳии вилоят фаъолият дорад. Аз моҳи июли соли ҷорӣ КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ҳамкорӣ бо яке аз Бонкҳо бо навбат чунин коргоҳҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар сохта ба истифода дода ҳоҳад шуд” – гуфт Акрам Қаҳҳоров муовини аввали директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ