Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳо чандрасонаӣ шуд

421

Лоиҳаи USAID  оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ пайваста семинару омӯзишҳо дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ ва барои табақаҳои гуногуни аҳолии 12 ноҳияҳои минтақаи Қӯргонтеппа гузаронида истодааст. Ин навбат лоиҳа сари як мизи мудаввар намояндагони Васоити Ахбори Омма ва мутахассисони идораҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқурло рӯ ба рӯ кард. Дар омӯзиши усулҳои омодасозии маводҳои чандрасонаӣ вобаста ба мавзӯъҳои ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ беш аз 25 нафар мутахассисон аз ду тараф ҷамъ омада буданд. 

Тренинги мазкур бо дастгирии молиявии Лоиҳаи USAID дар ҳамбастагӣ бо Анҷумани Миллии Васоити Ахбори Оммаи Мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар кори тренинг устодон ба иштирокчиён усулҳои дурусти гирифтани расм барои мавод ё аккосӣ, тарзи сабти овоз барои радио ва танзими видео ва аудио материалҳо барои барномаҳои телевизионӣ, инчунин омодасозии инфрографика барои мақолаҳои шабакаҳои интернетӣ омӯзонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози лоиҳа гурӯҳи намояндагони ВАОи вилояти Хатлон аз қабили рӯзноманигорон, радиочиён ва кормандони телевизиону шабакаҳои интернетӣ бо омӯзишҳои ба таври дуруст инъикос намудани мавзӯъҳои вобаста ба замин, ислоҳоти он ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ фарогир шуда, дар расонаҳои минтақавӣ ва миллӣ маводҳои зиёде ба табъу нашр шудаанд. Барномаҳои телевизионию радиоии бешумор оиди масъалаҳои вобаста ба фаъолияти лоиҳа манзури тамошобинон гардиданд.
Тавре масъулини тренингҳо қайд мекунанд ин ҳам яке аз роҳҳои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии саҳмдорону хоҷагидорон, кишоварзону деҳқононе, ки бевосита ба замин сару кор доранд мебошад. Илова бар ин, дар натиҷаи иштироки бевоситаи ҳам хабарнигорон ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ, имконияти мустаҳкам намудани боварӣ байни ин ду тоифа мутахассисон ба вуҷуд меояд. Натиҷаҳои семинару тренингҳо дар фазои иттилоотии вилоят аллакай давр мезананд ва самараи хуб нишон медиҳанд.
Мақолаҳои бешумори рӯзномаи мазкур низ дар доираи мавзӯъҳои ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ баёнгари натиҷаҳои назарраси омӯзишҳои дуҷонибаи АМВАОМТҶ бо Лоиҳаи USAID мебошад. Зеро хабарнигорони мо низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то аз ин гуна омӯзишҳо бебаҳра намонанд.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ