ИҶОЗАТИ СОХТАНИ ҚАРОРГОҲҲОИ САҲРОӢ ДАР ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ БА ДАСТ ОМАД! ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКИИ ФЕРМЕРОН ПУРЗӮР КАРДА ШУД!

226

Аз моҳи ноябри соли 2013 Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷогиҳои деҳқонӣ мусоҳибаҳои Ҷамъиятӣ хусусиро оид ба ҳалли мушкилоти заминистифодабарандагон ва кор карда баромадани Қонуни нави ҶТ “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” баргузор менамуд. Яке аз масъалаҳои махсусан муҳими заминистифодабарандагон гирифтани иҷозат барои сохтмони қароргоҳи саҳроӣ дар заминҳои кишоварзиашон буд.

Ташаббускори пешниҳоди ин навгонӣ фаъолзани кишоварз Мағфират Саидраҳмонова аз ноҳияи Шаҳритус мебошад. “Гармии қисмати ҷанубии Тоҷикистон дар мавсими баҳорон ва тобистон то 40 дараҷа мерасад. Занон ва бачагон ҷое надоранд, ки дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ аз офтоб ё борон паноҳ бурда тавонанду хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд” – мегуфт Мағфират борҳо дар чорабиниҳои бахшида ба ҳамин мавзӯъ. Айни замон бошад роҳбари хоҷагии деҳқонии “Идибек” Мағфират мегӯяд, ки қабули қонун боз як қадами муҳим барои давлат дар соҳаи рушди хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон мебошад.
Қароргоҳи саҳроӣ иншооти муваққатии намуди сабуккардашуда (сохтмони ғайриасосӣ) буда, дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ танҳо бо мақсадҳои кишоварзӣ, бе баровардани қитъаи замини иншооти мазкур аз гардиши кишоварзӣ, бунёд ва истифода карда мешавад.
Ташаббускор Мағфират Саидраҳмонова қайд мекунад, ки бо шарофати Қонуни нави ҶТ “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ(фермерӣ)” аз 15 март таҳти №1289, таъсиси қароргоҳҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои сарфаи вақти корӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла харҷи ғайриистеҳсолии вақт барои гузаштан ва кӯчидани одамон, ҷойивазкунии мошинҳо ва дигар воситаҳои истеҳсолӣ аз мавзеи аҳолинишин ба ҷойи кор ва баръакс. Дар қароргоҳҳои саҳроии хуб ҷиҳозонидашуда метавон шароитҳои зарурии истеҳсолӣ ва маданию маиширо барои фермерон муҳайё намуд.
Қонуни нав сохтмони қароргоҳҳоро пурра танзим карда, ҳамаи нуқтаҳоро пурра баррасӣ мекунад. Танҳо хоҷагиҳое, ки масоҳати заминашон беш аз 3 гектарро ташкил медиҳад ҳуқуқи сохтмон доранд. Қароргоҳ дар ҳудуди 0,01 гектар агар масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ беш аз 3 гектар, то 0,03 гектар агар масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ беш аз 10 гектар ва дар ҳудуди то 0,05 гектар агар масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ беш аз 20 гектарро ташкил диҳад сохта мешавад.
Қароргоҳи саҳроӣ дар қитъаи замин бо риояи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ, талаботҳои санитарӣ ва экологӣ дар асоси лоиҳаи намунавии мақомоти масъули муҳандисӣ ва сохтмони ноҳия (шаҳр) ҷойгир карда мешавад.
Таъмини қонунии ҷойгиркунии қароргоҳи саҳроии хуб ҷиҳозонидашуда дар наздикии ҷои кори фермерон шароити мусоидро барои рушди устувори минтақаҳои кишоварзӣ дар мамлакат муҳайё месозад.
Ҳамчунин Қонуни нави ҶТ “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ(фермерӣ)” муқаррар менамояд, ки хоҷагии деҳқонӣ метавонад бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бо миқдори аъзоҳои аз 1 то 50 нафари он ва бо ташкили шахси ҳуқуқӣ бе назардошти миқдори аъзоҳо ташкил карда шавад.
Инчунин агар қаблан маҷлиси умумӣ ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бо сабаби тӯли як сол дар фаъолияти кишоварзии хоҷагии деҳқонӣ иштирок накардан метавонист ғайриқонунӣ аъзоҳои хоҷагии деҳқониро хориҷ кунад, акнун қонуни нав талаб менамояд, ки ягон саҳмдор бе молу мулк намонад. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ки қонунӣ аз ҳайати аъзогии хоҷагии деҳқонӣ хориҷ карда мешавад, аз ҳуқуқҳои молумулкӣ ва замини худ маҳрум намегардад. Яъне аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо ҳиссаи замин ва молумулки худ меравад. Қонун ҳуқуқҳои молумулкии аъзоҳои ХДФ, ки фаъолияти якҷояро амалӣ менамоянд, пурзӯр кардааст ва муносибатҳои молумулкӣ дар хоҷагии деҳқонӣ муайян карда шудаанд, механизмҳои ҳалли масъалаҳои “моликияти ҷудонашавандаи ХДФ” ба низом дароварда шудаанд, пардохти ҷубронпулӣ бар ивази ҳиссаи моликияти ғайриманқул, шартҳои ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо ҳуқуқи мусодира муайян карда шудаанд, ӯҳдадории ёрии молиявии аъзоҳои хориҷшавандаи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мувофиқи ӯҳдадории хоҷагии деҳқонӣ муқаррар карда шудааст, ки сабабҳои ба вуҷуд омадани баҳсҳоро байни аъзоҳои он бартараф мекунад ва миқдори муроҷиатҳо ба судро кам мекунад.
кароргох2Барои таъмини заминистифодабарии мунтазам талаботи дар сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин инъикос кардани ҳиссаи замини ҳар як аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), шаҳодатномаи ҳиссаи замини аъзоҳои ХДФ муқаррар карда шудааст. Инчунин шахси масъул барои бурдан ва пур кардани дафтарчаҳои меҳнатии аъзоҳои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) муайян карда шудааст.
Дар Қонун ҳуқуқҳои аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ оиди хориҷ шудан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ташкили хоҷагии деҳқонии нав пас аз тамомшавии соли кишоварзӣ пурзӯр карда шудаанд.
Барои таъмини шаффофияти тақсимоти замин муқаррар карда шудааст, ки маълумотҳо дар бораи қитъаҳои замини нав, дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ нашр карда шаванд ва ҳамчунин тартиби додани қитъаи замин муайянтар карда шудааст (қабули қарор дар тӯли 1 моҳ, гузоштан ба навбат, ҷавобгарии шахсони масъул барои вайрон кардани навбати муқарраркардашуда).

Хосият КОМИЛОВА