ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚИИ ДЕҲҚОНОН ҲАДАФИ АСОСИИ ЛОИҲА

366

Дар доираи Барномаи Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда», Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон раванди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эътирофи ҳуқуқ ба моликиятро дар 12 ноҳияи мақсадноки вилояти Хатлон дастгирӣ менамояд.
Рушди соҳаи кишоварзӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини бехатарии озуқа дар маҳалҳо шароит фароҳам меоварад. Дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи ислоҳоти замин Лоиҳа диққати асосиро ба баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ бо роҳи таҳкими ҳуқуқ ба моликият, ки барои самаранок истифода бурдани замин шароит фароҳам меоварад, равона месозад.

Лоиҳа таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмини ҳуқуқ ба моликиятро вобаста ба замин, ки ба муносибатҳои бозорӣ оварда мерасонад дастгирӣ мекунад. Барои содда кардани тартиби бақайдгирӣ, барои гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва инчунин дар таҳкими тавонмандии ҳукумат дар амалисозӣ ва назорати ислоҳоти замин мусоидат мекунад. Мувофиқи стратегияи бехатарии озуқа дар Тоҷикистон Лоиҳа барои густариши ҳуқуқи сокинони деҳот ба қитъаҳои замин дар 12 ноҳияи мақсадноки вилояти Хатлон равона гардидааст.

Дастовардҳои лоиҳа
Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли дуввуми фаъолияти худ ба натиҷаҳои зерин ноил гашт:
 Ҷаласаҳои ҳармоҳаи машваратии Гурӯҳи кориро оид ба таҳия ва такмили Қонун “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” , чор Қарор, доир намуд ва ба Қонун “Дар бораи ипотека” тағйирот пешниҳод кард.
 Барои 22 нафар директорони Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” барои шиносоӣ бо таҷрибаи Қирғизистон оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, хусусан, бақайдгирии қитъаҳои замин, сафари омӯзишӣ ташкил кард.
 Барои 22 нафар директорони Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” аз 12 ноҳияи мақсаднок барои шиносоӣ ва табодули таҷриба дар таҷдид ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раванди гирифтани Сертификат, сафари омӯзишӣ доир намуд.
 Барои 15 нафар кормандони марказҳои матбуотӣ ва 23 нафар журналистон 13 машғулиятҳои омӯзишӣ доир кард, ки он барои беҳтарсозии малакаву маҳорати онҳо дар робита бо ҷомеа ва инъикоси масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти замин равона карда шуда буд.
 Оид ба масъалаҳои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва андозбандӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон 40 мубоҳисаи ҷамъиятӣ ташкил намуд, ки дар он 884 нафар фермерон, аз ҷумла, 184 нафар деҳқонзанон иштирок намуданд.
 Кафедраи Идоракунӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисод дар ҳамкории Лоиҳа барои 245 нафар донишҷӯён машғулиятҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи заминро ташкил намуд.Юсаид3
 10 Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқӣ (МДҲ)-ро дар амалисозии нақшаҳои тиҷоратӣ оид ба рушди устувори онҳо дастгирӣ намуд.
Лоиҳа соли дуввуми фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ба соли сеюми фаъо лият шурӯъ кард. Вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти соли дуввуми Лоиҳа моҳи декабри соли 2015 гурӯҳи мутахассисон аз Раёсати ҳамоҳангсозии кӯмакҳо барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои шинос шудан ва баҳо додан ба фаъолияти Лоиҳа ба Тоҷикистон омаданд. Дуглас Россе, Амҳа Қамар ва намояндаи USAID дар Тоҷикистон хонум Лаура Чизна бо кормандони Маркази дастгирии ҳуқуқии “Маҳбуба” ва гурӯҳи деҳқонони ноҳияи Вахш, ки аз кӯмакҳои Лоиҳа бархӯрдор шудаанд, мулоқот намуданд.
Нодира Сиддиқова- муовини роҳбари Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни суханрониаш дар бораи лоиҳа маълумот дода, изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва аслан дар доираи барномаи «Озуқа барои фардо» кор мебарад. “Дар доираи ин барнома лоиҳаҳои зиёде фаъолият доранд, мо бошем дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон фаъолият дорем. Лоиҳаи мо ин яке аз лоиҳаҳоест, ки бевосита ба деҳқонон кӯмаки амалии худро мерасонад. Ҳамчунин мо кӯмакҳои иттиллотӣ ва ҳуқуқӣ низ мерасонем. Илова бар ин барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии хоҷагидорон ва деҳқонон ҳамкориҳои иттилоотӣ ба монанди омода намудани барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, тариқи газета расонидани маълумоти лозимаро барои деҳқонон ва тамоми заминистифодабарандагон мерасонем”- гуфт Нодира Сиддиқова. “Илова бар ин мо аз моҳи августи соли равон шурӯъ кардем ба кӯмаки корхонаҳои фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон, ки Лоиҳа онро фаро мегирад. Мо дар самти ба роҳ мондани усулҳои нави бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва молу амволи онҳо кӯмак мерасонем. Ва то имрӯз Лоиҳа ба беш аз 1200 нафар деҳқонон дар дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ройгон кӯмак кард ва ба ин васила ба роҳ мондани корбарии усули нави бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар корхонаҳои фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ба кормандони он омӯзонд”-илова кард ӯ.

Юсаид2

Ин усулҳо ба деҳқонон имконият медиҳад, ки вақташонро сарфа намоянд, хароҷотҳояшон барои омода намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин кам шавад ва ниҳоят шаффофияти омодасозӣ ва бақайдгириро бевосита назорат намоянд.
Роҳбари Маркази дастгирии ҳуқуқии “Маҳбуба” Барно Раҳимова меҳмононро ба фаъолияти Марказ ошно сохта, иброз дошт, ки маҳз бо дастгириву кӯмаки Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯзҳо мардуми деҳот аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор мешаванд, онро меомӯзанд ва барои ҳуқуқҳои худ талош меварзанд. Ӯ аз ҷумла, мисол овард, ки дар тӯли фаъолияти Лоиҳа деҳқонон аз ҳуқуқҳои худ хабардор шуданд ва ба судҳо барои гирифтани саҳми худ муроҷиат менамоянд. Дар идома ҳамчунин нақши Ташаббускоронро, ки бевосита дар маҳалҳо бо деҳқонон кор мебаранд, таъкид намуда, иброз дошт, ки Лоиҳа тавонист бо ба роҳ мондани барномаи Ташаббускор тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияро фаро гирад ва дар баланд бардоштани сатҳи дониши деҳқонон ва саривақт расонидани иттилоот ба онҳо саҳмгузор бошад.
Ташаббускорон (фаъолони маҳаллӣ) ва Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқӣ дар соли дуюми фаъолияти лоиҳа доир намуданд:
 2723 мубоҳисаҳо дар фокус-гурӯҳҳо;
 796 мизи мудаввар;
 735 машғулиятҳои омӯзишӣ;
 119 машғулият барои хидматчиёни давлатӣ
 11 408 маслиҳат ва ёрии ҳуқуқӣ ба фермерон расониданд;
 83 баҳсҳои заминро бо роҳи мусолиҳа
 ва 13 парвандаро дар судҳо ба фоидаи фермерон ҳал намуданд.
Дар вохӯрии мазкур мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия Малика Сафарова низ иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ ба меҳмонон барои ташрифашон ба ноҳияи Вахш изҳори сипос кард ва қайд намуд, ки раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1996 оғоз шуда, маҳз бо фаъолияти чунин Лоиҳа, ба монанди Лоиҳаи ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ кори он боз ҳам назаррастар гардид. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист деҳқононро боз ҳам бештар барои ислоҳот ҷалб созад ва онҳоро бовар кунонид, ки бо ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва самаранок истифода бурдани замин метавонанд сатҳи зиндагиашонро боло баранд ва дар ҷомеа нақши худро дошта бошанд. Малика Сафарова аз ҷумла қайд кард, ки дар давоми фаъолияти Лоиҳа хоҷагиҳои деҳқонии зиёде ташкил гардиданд. Агар солҳои пеш дар ноҳияи Вахш ҳамагӣ 12 хоҷагии деҳқонӣ амал мекарда бошад, имрӯз шумораи он ба 5500 расидааст, ки саҳми Лоиҳа дар ин кор хеле назррас аст. Ин аст, ки Раёсати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо Лоиҳа ҳамкории зич доранд ва дар амалӣ шудани Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд.
Парвина Тешаева, деҳқонзани дигаре, ки аз кӯмаку дастгирии Лоиҳа бархӯрдор шудааст, иброз дошт, ки Лоиҳа тавонистааст, ки дар дастгирии занони деҳот саҳми арзанда гузорад. Ӯ аз ҷумла, дар бораи сафари омӯзишии занони хатлонӣ ба вилояти Суғд сухан ронда иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Лоиҳа деҳқонзанон тавонистанд бо таҷрибаи пешқадами занони суғдӣ ошно гарданд ва онро дар фаъолияти кории худ амалӣ созанд. Парвина Тешаева аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ин сафар танҳо деҳқонзанон интихоб шуда буданд. Маҳз бо дастгирии Лоиҳа имрӯз дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занҳо то ба 200 нафар расидааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз баҳсҳои замин, аз ҷумла, соҳиб шудан ба саҳми замини худ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ, баромадан аз ҳайати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъсиси хоҷагиҳои нав, баҳси соҳиб шудан ба мерос, муносибатҳои доду гирифти маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯшу хариди он, саривақт пардохт кардани маблағҳои зарурӣ, бастани шартномаҳо ва амсоли ин хеле зиёд шудаву бо баланд гаштани маърифати ҳуқуқӣ мардум ҳаққи худро талаб мекунанд. Ин аст, ки Лоиҳа дар соли сеюми фаъолияти хеш низ кӯшиш ба харҷ медиҳад то деҳқононро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд ва дар баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо саҳмгузор бошад. Зеро ҳадафи асосии Лоиҳа ҳам дастгирии ҳамаҷонибаи деҳқонон аз лиҳози ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба амнияти озуқа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳост.

Муҳаммад Умар НУРМАТОВ