Ба токзорам чун ба корхонаи истеҳсолӣ назар мекунам

343

Ноҳияи Шаҳритуз дар вилояти Хатлон ҳамчун ноҳияи кишоварзӣ ном бароварда бо иқлими нисбатан гарми худ фарқ мекунад. Мардуми ин ноҳияи баҳорро аз ҳама пештар пешвоз мегиранд. Меваву сабзавотҳои ин минтақа аз ҳама пештар дар тамоми бозорҳои Тоҷикистон паҳн мешаванд. Инчунин ноҳияи Шаҳритуз солҳои охир бо занҳои фаъоли худ ном бароварда истодааст. Мисоли равшан роҳбари хоҷагии деҳқонии “Зилола” саркор хонум Гулчеҳра Чориева мебошад. Токзори ӯ дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир шуда, дар 3,5 гектар замин доман паҳн кардааст.
Гулчеҳра Чориева бо истифодаи оқилонаи замин ва коркарди маҳсулот диққати атрофиёнро ҷалб мекунад. Инчунин муносибати махсус бо замин дорад: њар як нињолро мисоли кўдак медонад.
“Самаранок истифода бурдани заминро ман аз семинару машваратҳои лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ омӯхтам” – мегӯяд Гулчеҳра – “Қаблан вақти ҷамъоварии ҳосил ангурро ҷамъ мекардам ва ба бозор мебурдам. Он чӣ метавонистам мефурӯхтам. Боқиро мавиз мемкардам. Акнун ба токзорам чун ба корхонаи истеҳсолӣ нигоҳ мекунам. Ангурҳои беҳтаринро ба фурӯш мебарорам, андак безебро хушк карда мавиз мекунам. Боқиро шарбати ангурин, мураббо ва ширинӣ мепазаму консерва карда ба фурӯш мебарорам. Барои ин кор ҳамаи оила машғул ҳастем” – илова кард Гулчеҳра
Ҳарчанд тамоми қувваи худро ба рушди соҳаи токпарвариаш бахшидааст, аммо аз ҳосили мегирифтааш қаноатманд нест. Мехоҳад барои ба роҳ мондани содироти ангури хоҷагиаш аз рӯи стандартҳои муосир корбарӣ намояд. Бояд рўз аз рўз оиди пешравиҳои боғу токпарварӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Инчунин корбариаш бо мақомотҳои дахлдори андозу заминдорӣ зиёд шудааст. Иштирок дар омӯзишҳои ҳуқуқии ТҶ «Бонувони фардо»-ро дар ин бора айни мудда медонад.
“Бо навигарињои ислоњоти замин саривақт бояд огоҳ шавем. Дониши ҳуқуқиро оиди истифодабарии замин дар байни сањмдорон такмил додан лозим. Ҳар як семинар омӯзишҳои лоиҳаи USAID ба якдигар монанд нест. Дар яке мавзӯъҳои андоз, дар дигаре ҳуқуқ оид ба истифодабарии замин баррасӣ мешавад. Кӯшиш мекунам, ки дар ҳар як семинар иштирок кунам” – мегӯяд ангурпарвар.
Айни замон роҳбари хољагии дењќонии “Зилола” Гулчеҳра Чориева яке аз иштирокчиёни фаъоли тренингҳои ТҶ «Бонувони фардо» буда, аз таҷрибаи бонувони пешқадам тавассути рўзномаҳои «Агроинформ.ТҶ» огоҳӣ пайдо карда, кӯшиш мекунад, ки худаш ҳам намунаи ибрат гардад.
Токзори Гулчеҳра аллакай ба мавсими нав пурра омода буда, токҳои хушкшуда бо навъҳои беҳтарини ангур иваз карда шудаанд. Илова бар ин ду тарафи токзор қад-қади ҷўйбор бо маҳсулоти полезии ниёзи мардум кишт карда шуда, сабзаҳои пиёзу сирпиёзу картошка қариб сар задаанд. Гулчеҳра саркор омода аст имсол ҳам бозорҳои марказии ноњияро бо мањсулоти тару тоза ва консерваи хонагии болаззат таъмин намуда, баҳри паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, ки яке аз мақсадҳои асосии лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, саҳмгузор бошад.

Бонувони фардо