Андози таҳхона…

460

Сокини ноҳияи Хуросон Абдушукур Рабиев мепурсад: Оё таҳхонаи шахсони воқеӣ аз андоз аз амволи ғайриманқул озод аст?

-Тибқи муқаррароти моддаи 277 Кодекси андоз манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти ғайриманқул, аз ҷумла масоҳати ҳар як ошёнаи бинои бисёрошёна мебошад. Барои таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳо, ки баландии он ба ҳисоби миёна зиёда аз 2-метр мебошад, ҳамчун манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад. Ба манбаи андоз таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣї истифода бурда намешаванд, дохил намегарданд. Шурӯъ аз 1.01.2013 дар ҳолате, ки Шумо таҳхонаи худро бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ истифода набаред, супорандаи андоз аз объекти ғайриманқул ба шумор намеравед. Яъне, то 1.01.2013 тибќи муқаррароти банди 3 моддаи 327 Кодекси андози қаблӣ, ки агар баландӣ аз фарш то шифт дар таҳхона на камтар аз 2 метр бошад, дар он сурат 50 фоизи майдони таҳхона ба манбаи андоз дохил карда шуда, мавриди андозбандӣ қарор мегирифт. Сарфи назар аз он, ки соҳибмулк ин таҳхонаро барои ягон мақсад истифода мебурд ё не.

Маъмури ЮСУФЗОД