Лоиҳаи USAID – қувваи ҳуқуқии занҳои кишоварз

202

Баҳор фаслест бо авҷи корҳои саҳроӣ. Деҳқонон аз субҳи содиқ дар саҳрову киштзорҳои беҳадду канор саргарми кор мешаванд, то дар зимистони сард мардум бе маҳсулоти хӯрока намонанд. Лоиҳаи USAID оид ба Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ низ тухмиҳои фаъолияти худро аз оғози фасли баҳор кишт карда истодааст. Ана омӯзишҳои занон аз таҷрибаи пешрафтаи кишоварзони Суғдӣ, ана семинару машваратҳо оиди баланд бардоштани малакаи таҳияи стратегияи иртиботӣ ё комуникатсионӣ, талоши ба таври бояду шояд дида баромадани иловагиҳо ба қонунҳои ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайраҳо…

Ин навбат бошад банда дар конфронси бонуфузи лоиҳаи маҳкур оид ба «Ҳуқуқи занон ба замин: баланд бардоштани тавонмандии фаъолзанони деҳот дар вилояти Хатлон» ширкат кардам.

Дар кори конфронс беш аз 50 занҳои фаъоли 12 шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки лоиҳа фаро мегирад ширкат карданд.

“Саҳми занон дар рушди соҳаи кишоварзӣ хеле зиёд аст. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки бештари саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқониро занон ташкил медиҳанд. Ин нуқтаро ба назар гирифта, лоиҳа дар самти баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии занон давоми беш аз ду соли фаъолияти худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ҷамъ омадани сари як миз теъдоди зиёди занон натиҷаи он аст, ки рӯз аз рӯз ҳаракати эшон пурқувват, ҳавасашон ба замину заминдорӣ зиёд ва дар корбарӣ фаъол гашта истодаанд. Боварии комил дорем, ки дар оянда сафи занҳои имрӯзаро шумораи зиёд ва чеҳраҳои нав пур хоҳанд кард – гуфт Чинара Арапова, роҳбари лоиҳаи USAID оид ба Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни баромади худ дар чорабинӣ.

Бояд зикр кард, ки истифодаи замин аз тарафи занҳо ба рушд ва беҳдошти  зиндагии мардум таъсири мусбӣ расонад. Аммо сатҳи пасти дониши ҳуқуқии занон метавонад  дастрасии занонро ба замин маҳдуд намояд. Аз  ҳамин лиҳоз баланд бардоштани  дониши ҳуқуқии занҳои вилояти Хатлон имкон медиҳад ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ва рушди  хоҷагии онҳо мусоидат намояд. “Лоиҳаи USAID дар коркарди қонунҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши заминистифодабарандагон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст” – мегӯяд  Лора Чизмо, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодии USAID дар Тоҷикистон. – “Ислоҳоти замин бояд дастрасӣ ба заминро содда ва хизматрасонии  соҳаи кишоварзиро беҳтар намояд ва имкон диҳад, ки хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ, аз ҷумла фаъолияти занони соҳа озодона рушд кунад” – илова кард хонум Чизмо.

Рустам Зокиров  намояндаи идораи Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки аз оғози ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз соли 1996 бо имзо шудани фармони сарвари давлат шурӯъ шудааст, то ба имрӯз дар вилоят 63 ҳазору 698 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Дар ин хоҷагиҳо 354 ҳазору 447 нафар саҳмдорон заҳмат мекашанд, ки аз онҳо 188 ҳазору 226 нафарашонро  занон ташкил медиҳанд, ки баробари 53% мебошад.

Мо бо лоиҳа ҳамкории зич дорем. Дар ҳамбастагӣ бо марказҳои дастгирии ҳуқуқӣ, ки дар ноҳияҳо бо дастгирии лоиҳа фаъолият доранд семинарҳои мухталифи ҳуқуқӣ мегузаронем. Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳа 1200 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуда, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба онҳо ройгон дастрас шудааст. Аз ҳамин лиҳоз мо баҳри саривақт ба қайд гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима барои заминистифодабарандагон, аз ҷумла занон ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардаем” – гуфт Рустам Зокиров.

Қумринисо Сангалиева аз рафти кори конфронс изҳори хушнудӣ карда, дар илова ба фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳаи USAID оид ба Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз дошт, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон низ ҳушёриро аз даст намедиҳад. Ин раёсат дар асоси як қатор супоришу дастурҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии занон, пойдории оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷанҷолҳои оилавӣ, содир намудани ҷиноят  семинару сӯҳбатҳо гузаронида истодааст.

“Хурсандиовар аст, ки мақсадҳои лоиҳа бо ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзию паст кардани сатҳи камбизоатӣ рост меояд. Албатта, мехостам ба маъмурияти лоиҳа ва мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаи кишоварӣ изҳори миннатдорӣ намоям” – мегӯяд Қумринисо Сангалиева.

Зани деҳотӣ ва корманди оддии хоҷагиҳои пешинаи ноҳияи Носири Хусрав Гулсара Абраматова имрӯз роҳбари хоҷагии деҳқонии шахсӣ гардидааст. Соли 2005, баъди ба имзо расонидани фармон оиди соҳиби замин шудани занҳо Гулсара занҳои бекор ва камбизоату маъюби атрофи деҳаашро ҷамъ меоварад ва аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи ноҳия хоҷагии деҳқонӣ таъсис медиҳад. Ҳарчанд собиқаи беш аз даҳсолаи хоҷагидорӣ дорам, аммо лоиҳаи USAID чашми маро ба дунёи дигари кишоварзӣ боз намуд” – мегӯяд Абраматова – Як гурӯҳ занҳои фаъолро барои таҷрибаомӯзӣ ба вилояти Суғд бурданд. Таҷрибаи ҳамкасбони суғдӣ моро ба ваҷд овард. Онҷо дидем, ки дар заминҳои санглох чи қадар боғҳои зебо ташкил кардаанд. Аз ин илҳоми тозае гирифтему ният дорам таҷрибаи андӯхтаамро дар рушди хоҷагиям самаранок истифода барам – илова кард ӯ.

Ташаббускори ТҶ «Бонувони фардо» аз ноҳияи Шаҳритус Мағфират Саидраҳмонова вақти ҳикояи таҷрибаи таъсиси хоҷагиаш ба ҳозирин гуфт, ки аввалин кӯшиши ташкили хоҷагии деҳқонӣ бенатиҷа анҷом ёфта буд. Аммо ӯ дасту дилашро аз вазифаи пешгузоштаи худ наканда ҷонбозиҳои зиёде кард ва имрӯз яке аз занҳои хоҷагидори намунавие мебошад, ки рӯзномаи мо низ борҳо дар бораи фаъолияти ӯ мақолаҳо омода кардааст. мавриди зикр аст, ки дар ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи Шаҳритус солҳои аввал ҳамагӣ ду нафар зан буданд, ки сарварии хоҷагиро бар дӯш доштанд. Имрӯз бошад сафи онҳо аз даҳҳо гузаштааст.

“Дирӯз бо сафари корӣ дар вилояти Суғд будем. Ростӣ таассуроти зиёде бо худ овардам. Таваҷҷӯҳамро усули парвариши гулҳо дар гармхонаҳои ноҳияи Исфара хеле ҷалб кард. Акнун азм кардам, як гармхонаи гулпарварӣ бисозам. Ҳоло гармхонаи парвариши помидору бодиринг дорем, аммо барои гулпарварӣ дертар шудааст. Лекин, худо қувват ва обу ҳаворо диҳад, соли оянда 8-уми март дар бозорҳоямон ҳатман гулҳои тару тозаи Мағфиратро мебинед” гуфт Саидраҳмонова.

Ҳамчунин Мағфират ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сарвари давлат ва ба лоиҳаи USAID аз қабули қонуни нав «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ» миннатдорӣ баён кард. Чун қонуни нав  барои хоҷагидорон шароити хуберо фароҳам овардааст.  “Қаблан сохтани бошишгоҳҳои саҳроиро дар заминҳои кишоварзӣ қонунгузорӣ маҳдуд мекард, аммо бо имзо шудани ин қонун маҳдудият аз байн бардошта шуд ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ иҷозат аст, ки бошишгоҳҳои саҳроии худро бисозанд”  –  гуфт ӯ.

Тренери маркази дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» Ҳавасмо Раҳматуллоева низ сафар ба вилояти Суғдро пурмаҳсул дониста, илова кард, ки имрӯз дар ноҳияи Ёвон 90 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, аксарияти кормандони онро занон ташкил медиҳанд. Ҳаваси занон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш ёфта, сафи иштирокчиёни семинару машваратҳо аз ҷумлаи занон низ аксариятро ташкил дода истодааст.

Сармутахассиси идораи кишоварзии ноҳияи Вахш Малика Сафарова изҳори қаноатмандӣ аз он кард, ки занҳои кишоварз ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд. 23 сол мешавад, ки дар идораи кишоварзии ноҳияи Вахш фаъолият дорам. Солҳои пеш тасаввур намекардам, ки рӯзе занҳо соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ мешаванд. Имрӯз зани деҳотӣ  роҳбари хоҷагӣ, иқтисодчӣ, соҳибкор, ҳуқуқшинос ва таҳлилгар шудааст. Худи ҳамин конфронс гувоҳи суханҳои ман аст. На ҳамаи ин занҳо соҳиби маълумоти олианд, аксарашон ҳатто мактабҳои миёнаро пурра нахондаанд. Аммо аз сухарониашон, саволу ҷавобашон маълум мегардад, ки аз кӯчаҳои маълумоти олӣ гузаштаанду ҳуқуқу қавонини кишоварзиро хуб медонанд. Ин ҳама маҳсули семинару машваратҳои лоиҳаи USAID оид ба Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад” – гуфт Малика Сафарова.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ